Санҷиши асолати матни диссертатсия ва ё автореферати он пеш аз ҳимоя

Ба таваҷҷуҳи довталабони дараҷаҳои илмӣ расонида мешавад, ки минбаъд санҷиши асолати матни диссертатсия ва ё автореферати он пеш аз ҳимоя бо хоҳиши довталабон дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КОА) (қарори Раёсати КОА аз 28 октябри соли 2021, №8) ба роҳ монда мешавад. Барои санҷиш нусхаи электронии диссертатсия ва ё автореферати он, рӯйхати интишороти довталаб ва нусхаи расиди пардохти ҳаққи хизматрасонӣ (ниг. ба нархномаи хизматрасониҳои давлатии пулакии КОА) ба почтаи электронии КОА This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. пешниҳод карда мешавад. Натиҷаи санҷиш низ ба тариқи почтаи электронӣ на дертар аз 5 рӯзи корӣ ирсол карда мешавад.Лозим ба ёдоварист, ки қабули диссертатсия ва ё автореферати он танҳо тариқи электронӣ амалӣ мегардад.Ҳангоми пайдо шудани саволҳо оид ба санҷидани асолати матни диссертатсия ва ё автореферати он ба рақамҳои (+992 37) 227 77 96 муроҷиат намоед.Фармоиши №326 (Оид ба санҷиши матни диссертатсия ва автореферат)